ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Муовини вазири саноати Эрон Муҳаммадризо Деҳқон, ахиран гуфтааст, ки мувофиқатномаи ҷомеъи минтақаи тиҷорати озод миёни Эрон ва кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё фазои муносибн барои афзоиши содирот эҷод кардааст.
Вай изҳор кард, ки бо ҳамкории утоқҳои бозаргонии устонҳо, ҷаласоти барои бозаргонони баргузор шудааст.
Раиси созмони тавсеаи тиҷорати Эрон тасреҳ кард, ки то кунун дар 16 то 17 устон ин барномаҳо иҷро шуда ва оморҳо нишон медиҳад ки содирот ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёи рушди қобил таваҷҷуҳе доштааст.
Вай изофа кард, ин рушд дар шароите аст, ки содироти кулли кишвар ҳамчунон раванд нузуле дорад ва ин мавзуъ аҳамияти ин бозорро бештар нишон медиҳад.
Оқои Деҳқон хотирнишон кард, ки дар панҷ моҳи ибтидои соли ҷорӣ, арзиши содироти кишвар бо коҳиши ҳудуди 6% мувоҷеҳ шудааст.
Оқои Деҳқон хотирнишон кард, ки дар панҷ моҳи ибтидои соли ҷорӣ, арзиши содироти кишвар бо коҳиши ҳудуди 6% мувоҷеҳ шудааст.
Вай изофа кард, ки албата дар моҳҳои ахири ин коҳиш камтар шуда аммо ҳамчунон рушди содирот манфӣ аст, созмони тавсеаи тиҷорат умедвор аст бо иҷрои барномаҳои тарвиҷӣ, фаъолсозиизарфияти устонҳо ва тақвияти ҳимоятҳо, ангезаҳои содиротӣ афзоиш ёбад ва ин раванди нузулӣ ҷуброн шавад.