ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Русия солҳост шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст.
Дар ҳафт моҳи соли 2025 Русия ва Тоҷикистон табодули колои мутақобилро ба 1 миллиарду 252 миллион доллар расонданд.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12% зиёдтар аст.
Ба гуфтаи Александр Рибас, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, саҳми Русия дар ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июл 22,4%-ро ташкил додааст.
Дар сохтори муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия воридот бартарӣ дорад.
Ҳамин тавр, аз рўи натиҷаҳои нимсолаи аввали сол,бештар аз ҳама ба ҷумҳурӣ маҳсулоти гӯштӣ 188,3% воридот шудаастд.
Аз Русия ба Тоҷикистон ҳамчунин содироти маргарин, маҳсулоти қаннодӣ, орд, макарон ва консервҳои сабзавот афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол воридоти шакар аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
© Sputnik
Ёдовар мешавем, ки Русия ва Тоҷикистон ният доранд дар вилояти Хатлон як маркази логистикии содиротӣ бунёд намоянд.
Қарор аст, ширкатҳо ва бонкҳои манфиатдори Русия низ дар сохтмон ва фаъолияти ин маркази муштарак саҳмгузор бошанд.
Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти кишоварзии барвақт ва мавсимӣ ва молҳои саноатӣ иқтидори назаррас дорад ва ба ҳамкорӣ бо марказҳои бузурги тиҷоратии Русия ҳавасманд аст.