ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гузориши шабакаи телевизионии бритониёии Sky News, артиши Украина метавонанд ба зудӣ муҳимтарин шаҳр дар хатти ҷабҳа Красноармейскро таслим кунанд.
"Мудофиаи Украина аз шаҳри муҳими Красноармейск, ки беш аз як сол боз идома дошт, ба охир мерасад. Ҳамлаҳои Русия нерӯҳои украиниро аз ин шаҳр берун мекунад".
Ба гуфтаи Марина Мирон, коршиноси шӯъбаи пажӯҳишҳои дифоии Коллеҷи Шоҳонаи Лондон, вазъи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Красноармейск бадтар шудааст, зеро нирӯҳои Русия тамоми масирҳои таъминотро таҳти назорат гирифта ва бо истифода аз паҳподҳо як минтақаи қатл ташкил додаанд.
Ба гуфтаи вай, агар ин шаҳрак озод карда шавад, роҳ ба шаҳрҳои муҳиме чун Краматорск ва Славянск барои артиши Русия боз хоҳад шуд.
Красноармейск яке аз марказҳои муҳимтарини артиши Украина дар ҶМД ва тамоми гурӯҳи оперативӣ-стратегии нерӯҳои Украина "Хортитса" мебошад. Он дар 66-километрии шимолу ғарби Донетск ҷойгир аст.
Як рӯз пеш сардори ситоди кулли Русия Валерий Герасимов қайд кард, ки ҷангҳои шадидтарин дар минтақаи низомии шимолӣ айни замон дар самти Красноармейск ҷараён доранд, ки дар он ҷо душман талафоти зиёд дидааст.