Бонки миллӣ ба тағйирёбии қурби сомонӣ чӣ таъсир кардааст

Бонки миллӣ яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба устуворшавии қурби расмии пули миллиро дар болоравии қурби рубли русӣ нисбат ба доллар мебинад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тавре Бонки миллии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ қайд кардааст тағйирёбии қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ба як қатор омилҳои берунӣ ва дохилӣ вобаста будааст.
Бонки танзимгар мегӯяд ба омилҳои берунӣ, ҳаҷми воридоти асъор аз хориҷа ба ҷумҳурӣ, ҳодисаҳои геосиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, тағйирот дар сиёсати бонкҳои марказии кишварҳои абарқудрат ва махсусан тағйирёбии қурби рубли русӣ нисбат ба доллар дохил мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ба омилҳои дохилӣ, тамоюли тағйирёбии талабот ба асъор дар бозори дохилӣ ва раванди таъмин намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо асъор аз ҷониби низоми бонкӣ дохил мешаванд.
“Ин ҳолат бештар хусусияти мавсимӣ дорад ва таъсири он низ ба қурби сомонӣ вобаста ба мавсим гуногун мебошад”, таъкид кардааст БМТ.
Бонки миллӣ: Дар фурӯши асъор ягон маҳдудият нест
Қайд карда шудааст, ки айни замон яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба устуворшавии қурби расмии пули миллӣ – ин болоравии қурби рубли русӣ нисбат ба доллар мебошад.
“Ин раванд дар навбати худ вобаста ба ҳаҷми воридшавии рубли русӣ ба ҷумҳурӣ тадриҷан ба устуворшавии қурби сомонӣ нисбат ба доллар сабаб мегардад”, - қайд кардааст Бонки миллӣ.
Бонки миллӣ илова кардааст, ки дар ин мавсим аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ талабот ба асъор нисбатан кам гардида, талаботи мавҷуда аз ҷониби низоми бонкӣ пурра қонеъ мегардонад.
Таъкид карда шудааст, ки ин омили мазкур низ ба устуворшавии қурби сомонӣ мусоидат менамояд.