ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу, ахиран дар мулоқот бо раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кишвараш омода аст ба Тоҷикистон барои ворид шудан ба бозори бузурги Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) кумак кунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Жогорку Кенеши (Парлумони) Қирғизистон хабар додаааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Қирғизистон, зимни сафараш ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байни ду кишвар, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд.
"Мо бояд ҳамкориҳои худро дар ҳама бахшҳо, бахусус дар соҳаи иқтисод боз ҳам густариш диҳем. Агар дар ояндаи наздик ба ҳадафи худ ноил шавем ва ҳаҷми гардиши молро ба 500 млн. доллар бирасонем, ин ба рушди ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Қирғизистон ҳамчун як дарвоза ба ИИАО омода аст ба Тоҷикистон барои ворид шудан ба ин бозори бузург кумак кунад", — гуфт ӯ.
Дар навбати худ, Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ гуфт, Тоҷикистон ба тавсеъаи равобити барқароршудаи таърихӣ аҳамияти хоса дода, ба ҳамкорӣ бо Қирғизистон дар ҳама бахшҳо манфиатдор аст.
Вай тавсеъаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодиро тақозои замон арзёбӣ карда, бар зарурати кори муассир дар ин замина таъкид кард.
"Ғайр аз ин, ҷонибҳо оид ба тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва татбиқи муштараки ташаббусҳои экологӣ табодули афкор намуданд", - хабар додааст хадамоти матбуоти парлумони Қирғизистон.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.