ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар давлатҳои аъзои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) истеҳсоли маҳсулоти саноат афзуд.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё аз моҳи январ то июли соли 2025 дар се кишвари ИИАО афзоиши назарраси тавлидоти саноатӣ мушоҳида шудааст.
Ҳамин тариқ афзоиш дар Қирғизистон – 11,3%, Қазоқистон -6,9% ва дар Русия 0,8% ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол дар ду кишвар Арманистон ва Белорус дар ин давра коҳиши назарраси истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2% афзоиш ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш Агентии омори Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 40,2 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳашт моҳи соли 2025 суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,5%, вилояти Хатлон 6,1% ва шаҳри Душанбе 20,6% баланд гардида, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба 13,6% ва ВМКБ ба 6,4% баробар гардид.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.