ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дидору мулоқот намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Президенти кишвар дар ин дидор изҳор дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қатар бо дар назар доштани манфиатҳои муштарак ва бар асоси усули дӯстиву бародарӣ пайваста густариш меёбанд.
Роҳбарони ду кишвар қайд карданд, ки дар арсаи байналмилалӣ таҳкими бештари робитаҳои сиёсӣ миёни кишварҳо зарур мебошанд.
Ҳамчунин зимни мулоқот густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, кишоварзӣ барои ҳарду ҷониб судовар номида шудааст.
Роҳбарони ду кишвар ба рушди пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Эмомоалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ атрофи равобити дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба табодули афкор намуданд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки роҳбарони ду кишвар ҳамчунин, доир ба рушди авзои минтақа дар пасманзари зарбаҳои ҳарбӣ ба Қатари дӯст ҷараён гирифт, гуфтугӯ карданд.