ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раҳбарони парлумонҳои болоии ду кишвар ба рушди бемайлони робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни музокирот ҷонибҳо барои таҳкими муколамаи амалӣ ҷиҳати пешбурди муътадили муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳавасмандии муштарак зоҳир намуданд.
© Foto / Пресс-служба Рустама Эмомали
Инчунин дар мулоқот такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо дарназардошти афзун намудани ҳаҷми гардиши мол ва истифодаи иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар ин самт ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Зикр гардидааст, ки тамоюли мусбати афзоиши гардиши мол дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мушоҳида расид.
Ҳамчунин тарафҳо ба масъалаҳои содагардонии расмиёти гумрукӣ ва сертификатсиякунонии маҳсулот тавасссути “равзанаи ягона”, таъсис додани долони нақлиётию логистикии байни Душанбе ва Бишкек, ташкили намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва муаррифии рақамии маҳсулоти саноативу аграрии ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Роҳбарони парлумонҳои болоии ду кишвар фаъолгардонии ҳамкорӣ оид ба сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити муносиби амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар самтҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва энергетикаро зарур донистанд.
Тарафҳо омодагии худро барои рушди мунтазами робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу башардӯстӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон изҳор карданд.
Қайд карда шудааст, ки Рустам Эмомалӣ бо Нурланбек Тургунбек уулу дар бораи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахши амният ва мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ гуфтугӯ кард.