ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Неругоҳи барқи обии "Норак" ва "Бойғозӣ" барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 омода мешаванд.
Ҳамин тавр, барои дар фасли зимистон таъмин намудани сокинон бо барқ корҳои омодагӣ ва таъмири ҷорӣ, миёна ва асосии гидроагрегатҳою таҷҳизоти ёрирасон мувофиқи нақша гузаронида мешавад.
Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ "Ховар" Субҳониддини Маҳмуд муовини сармуҳандиси неругоҳ Анвар Киромаддинов хабар дод.
Аз ҷумла то имрӯз захира намудани маводи зиддилағжиш барои роҳҳои нақлиётии неругоҳ, омода намудани нақлиёт ва механизмҳои хоҷагии нақлиёти автомобилиро анҷом додаанд, гузориш медиҳад АМИТ "Ховар".
Ҳамчунин мутахассисон тоза намудани сангрезаҳо аз паси девори муҳофизатии бинои "Зилзиласанҷӣ", дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сойи Сафедоб ва аз ҳавзи сойи Лагерро 100% иҷро намудаанд.
Феълан дар Неругоҳи "Норак" корҳои навсозии гидроагрегати ҳафтум ва таъмири ҷории баъзе механизмҳои гидроагрегатҳо идома дорад.
Кормандони нерӯгоҳи "Бойғозӣ" бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии нерӯгоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида, қисмҳои корношоями онҳоро аз нав барқарор кардаанд.
Масъулини неругоҳ гуфтаанд, ки дар асоси нақшаи неругоҳ дар айни замон дар генераторҳои неругоҳ таъмири ҷорӣ идома дорад.
Пештар масъулини ширкати "Помир энерҷӣ" изҳори боварӣ карданд, ки бо ба истифода қарор гирифтани НБО “Себзор” ва аз таъмири асосӣ баровардани ҳавз ва канали обпартои НБО “Помир-1” имсол дар ҳудуди вилоят дар фасли сармо танқисии барқ нахоҳад шуд.