Баррасии нақши ИИАО дар низоми ҷаҳонии озуқаворӣ

Комиссияи иқтисодии ИИАО омода аст ба як платформаи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ҳадафи эҷоди системаҳои устувори кишоварзӣ табдил ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ахиран Комиссияи иқтисодии АвруОсиё созмонҳо ва ассотсиатсияҳои байналмилалӣ дар ҷараёни мизи мудаввар, нақши баланди кишварҳои ИИАО -ро дар низоми ҷаҳонии озуқаворӣ қайд карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Комиссияи иқтисодии созмон гузориш медиҳад.
Намояндагони ИИАО, СҲШ, ИДМ ва Шӯрои Байналмилалии ғалла дар самти татбиқи стратегияҳои миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ табодули таҷриба карданд.
Диққати асосӣ ба масъалаҳои савдои байналмилалии ғалла, қанд, селексияи растаниҳои кишоварзӣ, тағйироти сохторӣ дар бозори ҷаҳонии озуқаворӣ дода шуд.
Ҳамчунин, тадбирҳои дастгирии суғуртаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ, дурнамои иштироки истеҳсолкунандагони молҳои кишварҳои ИДМ дар занҷирҳои рақобатпазири кишоварзӣ баррасӣ шуданд.
Барои рушди кишоварзӣ дар ИИАО чӣ корҳо анҷом мешавад?
"Кишварҳои "панҷгона"-и АвруОсиё дар татбиқи механизмҳои муассири танзими бозори озуқаворӣ, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ дар маҷмааи агросаноатӣ фаъолона пеш рафта истодаанд", - гуфт вазири саноат ва комплекси агросаноатии ИИАО Гоар Барсегян.
Ба гуфтаи ӯ, Комиссия омода аст ба як платформаи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ҳадафи эҷоди системаҳои устувори кишоварзӣ табдил ёбад.