Намояндагони ИИАО ва СҲШ ҳамгироии тарҳҳои энержӣ ва логистикиро баррасӣ карданд

Рушди лоиҳаҳои мултимодалии нақлиёт ва энергияи барқароршаванда ба ҳамкориҳои ҳарду созмон ва ҳамгироии АвруОсиё дар маҷмӯъ мусоидат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар фазои кишварҳои узви АвруОсиё бозорҳои умумии энержӣ ташаккул меёбанд.
Ин масъала дар мулоқоти вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев ва муовини Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай Т.Р. Митхун баррасӣ шуд.
Ба гуфтаи Кожошев, энергетика дар равандҳои ҳамгироии авруосиёӣ дар доираи ИИАО ва дигар иттиҳодияҳои байналмилалӣ нақши калидӣ дорад.
"Комиссия фаъолияти бахши энержии СҲШ-ро бодиққат назорат мекунад. Масъалаҳои интиқоли газу нафт, инчунин таъмини дастрасии озод ба манобеъи энергетикӣ аз авлавиятҳои СҲШ мебошанд. Ин ба корҳое, ки мо дар заминаи ташаккули бозорҳои умумии захираҳои энергетикии ИИАО анҷом медиҳем, хеле наздик аст", - таъкид кард ӯ.
Намояндагон дар бораи чӣ гуна ҳамкорӣ кардани ИИАО ва СҲШ дар баланд бардоштани самаранокии энергия ва рушди энергияи барқароршавандаро баррасӣ карданд.
Нуқтаи дигари тамоси байни созмонҳо рушди долонҳои нақлиётӣ ва рушди алоқаи байниҳамдигарӣ буд.
Покистон ҳадаф дорад ба ИИАО шомил шавад
"Аз соли 2024 кишварҳои узви ИИАО ва Комиссия ба татбиқи нақшаи маҷмӯӣ оид ба рушди долонҳои нақлиётии АвруОсиё шурӯъ карданд. Тибқи ҳисобҳои коршиносон, ҳиссаи долонҳои нақлиётии АвруОсиё тақрибан 70% ҳаҷми транзитӣ дар ИИАО рост меояд", - қайд кард Арзибек Қожошев.
Ӯ афзуд, ки ИИАО ҳамкориҳои муассиртарро бо дигар ассотсиатсияҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии минтақавӣ дар рушди нақлиёт ва инфрасохтор, ҳамлу нақли мултимодалӣ муҳим медонад.