ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар вилояти Хатлон роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари бунёд мешавад.
Дар ин бора, зимни сафари кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг маълум шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Гуфта мешавад, ки корҳои лоиҳакашӣ пурра ба анҷом расида, хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ низ гирифта шудааст. Тарҳ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мешавад.
Роҳи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳимми инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақа ба шумор рафта, имконият медиҳад, ки алоқаи доимӣ ва босифати нақлиётӣ байни деҳаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Балҷувон ва Сари Хосор таъмин гардид.
Масоҳати умумии роҳ 54,1 км ва паҳноии 10 м буда, ба ду қитъа – Қитъаи А 30 км. ва Қитъаи Б 24,1 км. ҷудо карда шудааст.
Сабаби ба ду қитъа ҷудо намудани роҳи лоиҳавӣ ба ҳаҷми зиёди корҳо ва мушкилии вобаста ба иқлим рабт дода мешавад.
Дар доираи лоиҳа, дар баробари навсозии роҳ ҳамзамон сохтмони пулҳо, қубурҳои обгузар, танбадеворҳо, корҳои соҳилбандӣ, сохтмони ҷӯйборҳои канори роҳ, роҳҳои пиёдагард, насби деворҳои ҳимоявӣ ва хатти равшанидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Интизор меравад, ки охтмони босифату саривақтии роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор барои рафтуомади сокинон, самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, истифодаи босамари ҷангалзор, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Ногуфта намонад, ки бо қарори Ҳукумат Балҷувон минтақаи сайёҳӣ эълон гардидааст, аз ин рӯ сохтмони роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба муаррифии захираю иқтидорҳои сайёҳии Балҷувон, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин минтақаи баландкӯҳи кишвар мусоидат менамояд.