ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Нархи интернет дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз арзонтаринҳост.
Ҳамин тариқ, сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна барои 1 ГБ 0,25 доллар пардохт мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, дастрастарин интернет дар Қирғизистон аст. Дар ин ҷо интернет хамагӣ 0,17 доллар арзиш дорад.
Дар Узбекистон дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет каме гаронтар аст - 0,3 доллар. Дар Қазоқистон барои интернет 0,41 доллар пардохт мекунанд.
Аммо, дар Туркманистон нарх аз Тоҷикистон 45 маротиба фарқ мекунад. Ин кишвар дар садри гаронарзиштарин интернет қарор дорад - сокинони он барои интернет 11,42 доллар пардохт мекунанд.
Нархи интернет дар кишварҳои Осиёи Миёна
© Sputnik
Қаблан раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, ваъда дода буд, ки дар ояндаи наздик суръати интернетро дар ҷумҳурӣ ба 100 Мбит/с мерасонад.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 5,1 млн нафар корбарони интернет ҳастанд, ки 4,9 млн нафарашон муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.
Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 6 оператори мобилӣ ва 24 оператори алоқаи доимӣ дастрасӣ ба шабакаро таъмин мекунанд.