ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Беш аз 16,4 млрд сомонӣ дар Тоҷикистон соли 2026 ба пардохти музди меҳнат равона хоҳад шуд.
Ин дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ ҳудуди 26,4% зиёд мебошад, зикр шудааст дар дурнамои таҳиякардаи Вазорати молияи Тоҷикистон барои соли оянда.
Ҳаҷми маблағе, ки соли 2026 дар Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат равона мегардад, муодили қариб 8,4%-и ММД мебошад.
Барои бахши ҳокимият ва идора бошад, дар Тоҷикистон соли 2026 қариби 2,5 млрд сомонӣ равона мешавад.
Ин нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли равон барои ин бахш, 13% зиёд мебошад, ҳисоб кардааст Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Таъкид шудаст, ки афзоиш аз ҳисоби зиёд шудани маоши кормандон ва ҷудо шудани воҳидҳои иловагии корӣ сурат мегирад.
Қариби 48%-и буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли оянда барои соҳаҳои иҷтимоӣ равона мешавад.
Ба ин бахшҳо маҷмуан 28,5 млрд сомонӣ равона хоҳад шуд, ки нисбати соли ҷорӣ 19% зиёд мебошад, зикр гардидааст дар дурнамои таҳиякардаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ.