ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Ховалинг бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи таърихии асри санг боз шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент гузориш дода, афзудааст, ки кишвардор ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара ошно шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар Осорхона ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, ва Хонақоҳ 1-2-и Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.
Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Интизор меравад, ки осорхонаи таърихии ноҳияи Ховалинг ба омӯзиши давраҳои гуногуни таърихӣ ва баъди истиқлол мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон барои худшиносиву ватандӯстӣ нақши бориз мегузорад.
Ба иттилои таърихшиносон кашшофи ёдгориҳои мазкур бостоншиноси шинохтаи Тоҷикистон Вадин Ранов буда, дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ ӯ бештар аз 1000 ёдгории ҷангию шикорӣ ва рӯзгордории аввалин одамонро пайдо кардааст, ки аз санги сангобии навъи Галка сохта шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара, ки каме дуртар аз осорхона ҷойгир мебошад, боздид намуд.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ
Зимни боздид аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон иттилоъ дода шуд, ки Кӯлдараи Ховалинг қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ин мавзеъ бошишгоҳҳои замони асри санг – полеолити поин ёфт шудааст.
Ёдгориҳои бозёфтшудаи мавзеи таърихии Кӯлдара аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз 1 млн сол пеш дар ин ҷо одамони қадима “Ҳомо эректус”-ҳо умр ба сар мебурданд.
Нигора ва ёдгориҳои бозёфтшудаи ин масир гувоҳи он аст, ки тоҷикон миллати кӯҳанбунёд буда, таърихи пурғановат доранд.