ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарияти корпоратсияи “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” Хуан Бо мулоқот кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилоят гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат, ҷонибҳо оид ба таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумат ба рушди соҳаи саноат, бахусус саноати кӯҳӣ мубодилаи афкор кардаанд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти корпоратсия тавсия додааст, ки барои истифодаи босамари захираҳои табиӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ӯ ҳамчунин, хостааст, ки ҳаҷми истеҳсолот бештар гардонида шуда, дар корҳои ободонӣ саҳмгузор бошанд ва шароити кору зисти кормандонро беҳтар гардонанд.
Хуан Бо дар навбати худ, барои дастгириву ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки корпоратсия минбаъд низ ҳамаи уҳдадориҳои худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар рушди соҳаи саноати кӯҳӣ саҳми арзанда мегузорад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъдаи рушду тавсеаи фаъолияти корхонаро баррасӣ кардаанд.
Бояд гуфт, моҳи июли соли равон марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” ба фаъолият оғоз намуд.
Самти асосии фаъолияти корхона истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла коркарди консентрати тилло мебошад.
Корхона дар масоҳати 6 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд гардида, иқтидори истеҳсол ва коркарди консентрати тилло 4 ҳазору 500 тоннаро дар як шабонарӯз дар бар мегирад.
Бо ба истифода додани ин коргоҳ 300 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд, ки ин барои болоравии сатҳи иҷтимоиву иқтисодии минтақа нақши назаррас мебозад.