Афзоиши табиии аҳолии Тоҷикистон дар даврони истиқлол 2,4%-ро дар як сол ташкил дод

Аҳолии Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши мизони таваллуд, давомнокии умр ва коҳиши фавт афзоиш меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Афзоиши табиии аҳолии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият дар як сол ба ҳисоби миёна 2,4% -ро ташкил дод.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ки ин нишондиҳанда ба далели афзоиши мизони таваллуд ва коҳиши мизони марг афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тавр, дар ин давра умри миёнаи аҳолӣ аз 70 ба 76,3 сол расид.
Дар шаш моҳи соли 2025 шумораи аҳолии Тоҷикистон 2,1% афзудааст, хабар медиҳад Агентии омор.
Аҳолии кишвар то 1 июли соли 2025 бо назардошти шумори таваллуд, фавт ва муҳоҷират 10 миллиону 603,8 ҳазор нафарро ташкил дод.
Тибқи маълумот афзоиши табиии аҳолӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2025 нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2024 2% зиёд шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун 116,2 хазор нафар кӯдаки навзод ва 17,2 ҳазор нафар фавтида, аз ҷумла 0,8 ҳазор нафар фавти кудакони то 1-сола ба кайд гирифта шудаанд.
Аҳолии Тоҷикистон марзи 10,6 млн нафарро убур кард
Коэффисиенти таваллуд ва фавт, аз рӯи ҳисоботи пешакӣ ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ мутаносибан 22,1 ва 3,3 нафарро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 бақайдгирии таваллуд дар ҷумҳурӣ нисбат ба нимсолаи аввали соли 2024 2,1% афзуд.
Гуфта мешавад, ки ҳукумати кишвар барои боз ҳам беҳтар намудани нигаҳдории тандурустӣ ба аҳолӣ чораҳои дида истодааст. Аз ҷумла, иҷрои “Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030” идома дорад.