Маош дар кишварҳои ИИАО афзуд

Мувофиқи маълумоти оморӣ, музди меҳнат дар Қирғизистон аз ҳама бештар дар фазои ИИАО афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ зиёд шуд.
Инро гузориши Комиссияи иқтисодии Авруосиё тасдиқ мекунад.
Суръати баландтарини афзоиши миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Қирғизистон 11.5% ва Белорус 11% ба қайд гирифта шудааст. Дар дигар кишварҳои узи иттиҳод нишондиҳанда чунин аст:
Русия – 4,1%;
Қазоқистон - 0,3%;
Арманистон - 2,4%;
Тибқи ҳисобҳои пешакии КИАО, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 рейтинги маоши кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо доллар чунин аст:
Русия ($1110);
Қазоқистон ($849);
Белорус ($815);
Арманистон ($753);
Қирғизистон ($481).
Оверчук: ИИАО робитаҳо бо Африқоро таҳким мебахшад
Ҳамин тариқ, аз рӯи ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2025 Русия дар фещристи болотарин маош дар ИИАО ыойи аввалро иш-ол кардааст.