ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Эҷоди минтақаҳои тиҷорати озоди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо Ҳиндустон ва Индонезия боиси пайдоиши бозори 2,2 миллиард нафара мегардад.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқӣ (ФИШ) изҳор дошт.
Ҷанбаҳои техникии гузаронидани гуфтушунид ба имзо расид ва ҳама дар рӯҳияи хеле хубанд, қайд кард ӯ дар мусоҳиба бо РИА Новости.
"Мо ҳоло дар марҳилаи имзои қарордод бо Индонезия ҳастем. Як кишвари бузург, як бозори бузург. Мо умедворем, ки онро имзо кунем. Музокирот бо Ҳиндустон дар авҷ аст. Иқтисоди азим бо 1,5 миллиард истеъмолкунанда", - нақл кард Оверчук.
Агар ҳамаи ин нақшаҳо амалӣ шавад, пас дар ояндаи наздик истеҳсолкунандагони ИИАО ба бозор бо зарфияти беш аз 2,2 миллиард нафар дастрасӣ пайдо мекунанд, таъкид кард муовини сарвазир.
Форуми иқтисодии Шарқӣ (ФИШ-2025) рӯзи чаҳоршанбеи 3 сентябр дар кампуси Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур дар ҷазираи Русский дар Владивосток оғоз шуд ва то 6 сентябр идома мекунад ва барои даҳумин бор баргузор мешавад.
Мавзуи асосии чорабинии имсола "Шарқи Дур — ҳамкорӣ барои сулҳу амонӣ" буд.