ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Созишнома дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷорат миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Муғулистон боҷи садҳо навъи колоро коҳиш додааст.
Дар ин бора Гомбожавин Занданшатар, нахуствазири кишвар дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқӣ изҳор дошт.
Ин ба паст шудани нархи 367 номгӯи маҳсулот дахл дорад, қайд кард ӯ.
"Мо инчунин аз пардохти боҷи гумрукӣ барои баъзе молҳо комилан даст кашидаем, ки ин як қадами муҳим дар ҳамгироии иқтисодии минтақа буд", - афзуд Занданшатар.
Улан-Батор ба созишномаи муваққатии тиҷорӣ бо ИИАО аҳамияти бузург медиҳад, таъкид намуд ӯ, созишнома барои рушди Муғулистон имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Бо кӯмаки созишномаи нав, кишвар ба рушди иқтисод ва ҳамкориҳои нави байналмилалӣ ноил мегирдад, илова намуд сарвазир.
Ёдовар мешавем, ки ин санад охири моҳи июн дар нишасти сарони созмон дар Минск ба имзо расида буд.
Зимнан зикр гардид, ки лағв ва коҳиши боҷҳо ба як қатор колоҳои тиҷории кишварҳои иттиҳод – Русия, Беларус, Қирғизистон, Арманистон, Қазоқистон таъсир мерасонад.
Дар доираи ин созишнома корхонаҳои иттиҳодия метавонанд як қатор молҳоро бо нархи ками боҷи гумрукии воридотӣ ё бебоҷ, аз ҷумла дар доираи квотаҳои тарифӣ, пешниҳод кунанд.