ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносиботи дӯстона майлу хоҳиши самимӣ доранд.
Ва ин ҳама сарфи назар аз мушкилоти мавҷуд, гуфт дабири кулли ин созмон Сергей Лебедев дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Душанбе.
Тавре дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тавзеҳ дод, касе мушкилоти мавҷударо пинҳон намекунад ё нодида намегирад, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Дар айни замон роҳбарияти кишварҳои созмон якҷо роҳҳои ҳалли мушкилотро ҷустуҷӯ мекунанд.
"Баъзе корҳо амалӣ мешаванд. Мо аз ҳалли баҳсҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон самимона шодем. Ман шахсан ба ҳарду ҷумҳурии бародар табрикот фиристодам", - қайд кард Лебедев.
Дар Душанбе таҳти раёсати муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ ҷараён дорад.
Шӯрои иқтисодии ИДМ аз муовинони раисони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳод оид ба масъалаҳои иқтисодӣ иборат аст.
Тоҷикистон раисии ин созмонро аз 1 январи соли 2025 пас аз Русия ба ӯҳда гирифт, ҳамраисҳо Русия ва Туркманистон мебошанд.