ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) то охири соли 2029 -73 стандарти нави шир ва маҳсулоти шириро таҳия хоҳад кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
"Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар ҷаласаи рӯзи 2 сентябр дар таҳрири нави Барномаи таҳияи стандартҳои байнидавлатии Иттиҳоди гумрукӣ "Дар бораи бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ"-ро тасдиқ кард", - омадааст дар хабар.
Аксари ин стандартҳо бори аввал таҳия мешаванд — масалан, консентратҳои протеини шир, шири гусфанд ва махсулот барои мактаббачагон ва ғайра.
Ҳамзамон, омодасозии 60 лоиҳаи стандарт ба Русия вогузор шудааст, 9 лоиҳа аз ҷониби Қазоқистон ва ду лоиҳа аз ҷониби Арманистон омода карда мешаванд.
Илова бар ин, лоиҳаҳои ду стандарти байнидавлатии маҳсулоти ширии миллӣ аз ҷониби Қазоқистон ва Қирғизистон якҷоя омода карда мешаванд, гуфта мешавад дар гузориш.
Дар соли 2025 дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё квотаҳои тарифӣ барои воридоти баъзе намудҳои гӯшт пайдо шуданд.