Раҳмон, Путин ва Ҷинпин гузашти низомӣ дар Пекинро тамошо карданд

Дар Пекин бахшида ба солгарди муқовимати мардуми Чин ба истилогарони Ҷопон ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ гузашти низомӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар Пекин бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ паради низомӣ баргузор шуд.
Дар майдони Тянанмен бахшида ба 80-солагии таслим шудани Ҷопон ва муқовимати халқи Чин намоиши густурда барпо гардид.
Маросимро раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ва ба ҳайси меҳмонони фахрӣ президенти Русия Владимир Путин, раҳбарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Қосим-Ҷомарт Токаев, Ким Чен Ун ва як қатор кишварҳои дигар тамошо карданд.
Зиёда аз даҳ ҳазор сарбози Чин дар майдони Тянанмэн қадам заданд. Аз он ҷумла Қувваҳои кайҳонӣ ва киберфазоӣ, ки бори аввал пайдо шуданд. Чин инчунин дар парад мушаки стратегии ядроии DF-5C-ро намоиш дод. Чин бори аввал неруҳои стратегии заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии худро ҳамчун сегонаи ҳастаӣ муаррифӣ кард.
1 / 6
3 сентября Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в Пекине вместе с Председателем Китайской Народной Республики уважаемым Си Цзиньпином и другими лидерами государств на площади Тяньаньмэнь принял участие в торжественном мероприятии, посвященном 80-й годовщине победы китайского народа в Войне с японским милитаризмом и Мировой антифашистской войне.
2 / 6

3 / 6

4 / 6

5 / 6

6 / 6

Ба ин сегона мушакҳои дурпарвози "Тсзинлэй-1", мушакҳои баллистикии байниқитъавӣ аз киштии зериобии "Жуланг-3", мушакҳои баллистикии байниқитъавии "Донфэн-61" ва ракетаҳои нави байниқитъавии "Донфэн-31" дохил шуданд.
Ин яроқ "козри" стратегии Чин дар муҳофизати соҳибихтиёрии давлатӣ ва ҳифзи шаъну шарафи миллй мебошанд. Дар намоишгоҳ инчунин мошинҳои зиреҳпӯши ҷангии насли нави чинӣ, аз ҷумла танки Type-100 ва мошини пуштибони оташфишонии Type-100 мавҷуд буданд. Илова бар ин, нерӯҳои мусаллаҳи Чин ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанӣ ва ҷосусӣ ва чархболҳои бесарнишинро намоиш доданд.
Раҳмон бо Си Ҷинпин таъсиси марказҳои хизматрасонии иттилоотию технологиро баррасӣ кард
Ҳавопаймоҳои қиркунанда ва чархболҳои бомбаандози стратегӣ дар қисми хавоии паради ҳарбӣ дар болои Пекин парвоз карданд.
Чунон ки президенти Русия Владимир Путин дар хотимаи тантанав изҳор дошт, чорабиниҳо бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Пекин хеле дурахшон ва дар сатҳи баланд баргузор шуданд.
Парад дар Пекин бо мачлиси ботантана қабул кардани кишвардорон дар Толори бузурги халқҳо ба охир расид.