Дар Душанбе рушди иқтисоди рақами дар қаламрави ИДМ баррасӣ мешавад

Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ 5 сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ қайд кардааст, ин ҷаласа дар шаҳри Душанбе дар соли раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод баргузор мешавад.
Ҷаласаро муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода раҳбарӣ хоҳад кард.
Ба хайати Шӯрои иқтисодии ИДМ муовинони сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар умури масоили иктисодӣ шомил мебошанд.
Қарор аст дар Душанбе ҳайатҳои кишварҳои ИДМ 27 масъалаи муҳими иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард.
Путин самти ИДМ-ро аз афзалиятҳои сиёсати Маскав хонд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур баррасии чунин масъалаҳо дар назар аст:
Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии кишварҳои узви ИДМ,
Стратегияи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ барои давраи то соли 2035,
Стратегияи рушди илмию технологии ИДМ барои солҳои 2026-2035
Нақшаи чорабиниҳо дар бораи омодагӣ ва гузаронидани Соли солимӣ дар Иттиҳод дар соли 2026.
Дар оянда ин ва дигар масъалаҳо ҳамчун лоиҳа таҳия мешаванд ва барои тасдиқ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод карда мешаванд.