Тантанаи Рӯзи дониш дар мактабе, ки баъди солҳо бо саҳми муҳоҷирон сохта шуд – видео

Сохтмони мактабе дар деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич, ки дуруст 8 соли пеш оғоз шуда буд, бо саҳми муҳоҷирон ба анҷом расонида шуд
Sputnik
Ин мактаб, ки дар қисмати ғарбии ин деҳаи дурдасти вилояти Суғд ҳоло ягона ба ҳисоб меравад, дарҳояшро ба рӯи толибилмон боз намуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич рафт ва ҷараёни баргузории рӯзи Дониш дар мактаби навро ба дурвини худ сабт кард.
Ҳазратқул Мирҷумаев, аъзои комиссияи сохтмони мактаби нав дар деҳаи Далёни боло гуфт, набуди мактаб дар қисмати -болоии ин деҳа мушкили умдае маҳсуб мешуд, ки солҳо боз хонандагон дар роҳи рафтан ба дарсҳо ба маркази деҳа аз дурии роҳ азоб мекашиданд.
Низоми баҳогузорӣ дар мактабҳои ИДМ
Ин вазъ онҳоро водор намуд, ки мардум худ ташаббусуро ба даст гиранд ва бо роҳи ҳашар ба сохтмони мактаб оғоз кунанд.
Дар соли 2017 сохтмони мактаби нав бо саҳми худи сокинону соҳибкорон оғоз шуд ва ҳама дастаҷамъона ҳатто занон ба кори сохтмон мадад мерасониданд. Аммо аз сабаби набуди маблағгузории мустақими ҳукуматӣ, сохтмони ин мактаб солҳо ба ин тараф бозистод.
Занги аввал ва шодӣ: Мактаби Гагарини Душанбе дарҳояшро ба рӯи хонандагон боз кард – видео
Ахиран сокинон - муҳоҷирони кории Русия фонди хайриявии “Ободии Далёни боло” таъсис намуда барои ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ҳар яке аз рӯи имкону тавони худ саҳмгузорӣ карданд.
“Давоми камтараз як соли охир муҳоҷирон беш аз 750 ҳазор сомонӣ, ки ин 50 % и маблағи лоиҳаи сохтмони мактабро ташкил медиҳад интиқол доданд. Ба ин васила сохтмони мактабинав ба анҷом расонида шуд” – гуфт, Мирҷумаев.
Мактаби нав дар деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич аз 20 синфхона иборат буда имкон дорад, дар ду басти таълим беш аз 700 толибилмрофаро гирад.
Вазорати маориф гузариш ба журналҳои электрониро шарҳ дод
Волидони хонандагон фаъолшавии ин мактабро як руйдоди нодиру фараҳбахш дар кору рӯзгори худу фарзандонашон арзёбӣ карданд.