Вуқуъи заминларзаи маргбор дар шарқи Афғонистон: Беш аз 600 нафар ҷон бохтанд

Шаби гузашта заминларзаи шадиде дар вилояти Кунар, Нуристон, Лағмон, ва Нангарҳор ба вуқуъ пайваст, ки талафот ва хисорот зиёде бар ҷой гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи ҳукумати Толибон* эълом кардааст, ки омори қурбониёни заминларзаи шаби гузашта дар Кунар ба 610 тан расида ва 300 тани дигар маҷрӯҳ гардидаанд.
Дар эъломияи вазорати умури дохилаи Толибон* омадааст, ки ҳамчунон дар Нангарҳор 13 тан кушта ва 250 тан захмӣ шудаанд ва ҳазорон манзили маскунӣ ба таври комил дар ҳар ду вилоят тахриб гардидаанд.
Толибон* эълон карданд, ки ин омори қурбониён ва хисорот ниҳои набуда ва ҳамчунон амалиёти ҷустуҷӯ дар ин вилоёт идома дорад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯии аршади ҳукумати Толибон* бо ибрози таъассуфи нисбат ба зилзилаи шаби гузашта дар бархе вилоёт Афғонистон гуфтааст, ки тимҳои кумаке аз марказу вилоёти наздик ба манотиқ зилзилазада эъзом шудаанд.
Раисҷумҳури Эрон дар як паёме ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард ва барои имдодрасонӣ ба зилзилазадагон ибрози омодагӣ кард.
Зиндагии паноҳҷӯёни афғон дар вилояти Суғд чӣ гуна аст? - видео
Пизишкиён афзуд, ки миллату давлати Эрони зимни ибрози ҳамдардӣ дар канор шумо буда ва омодагии худро барои ҳаргунаи кумакҳои имдодӣ ва дармонӣ эълом дошта ва орзӯ дорад дар сояи ҳамбастагӣ ва ҳамдилии он миллати ҳамсоя, ҳарчӣ сариътар шоҳиди вазъияти одӣ дар манотиқи осеб дида бошад.
Пештар Сайид Аббоси Ароқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон низ дар паёме зимни ибрози таслият ва ҳамдилии самимона бо миллати Афғонистон омодагии комили Эронро барои ирсоли кумакҳои имдодӣ, дармонӣ ва инсонӣ эълом кард.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.