ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Аз 1-уми сентябр як қатор мактабҳои Тоҷикистон ба журналҳои электронӣ мегузаранд.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати маориф хабар доданд, ин иқдом тақрибан дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ мешавад.
Ҳамзамон, манбаъ таъкид кард, ки дигар минтақаҳо метавонанд мустақилона ба журналҳои электронӣ гузаранд, чуноне, ки дар Хуҷанд тасмим гирифтанд.
"Мақсад аз роҳандозии журналҳои электронӣ, рақамикунонии соҳа ва кам кардани коғазбозӣ мебошад", - шарҳ доданд дар Вазорат.
Қаблан мудири Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии раёсати маорифи шаҳри Хуҷанд Дилором Солеҳова ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки аз оғози соли нави таҳсил дар мактабҳои Хуҷанд бори нахуст журналҳои электронӣ ҷорӣ мешавад.
Ба гуфти ӯ, гузариш ба низоми нави рақамӣ кори омӯзгорон ва фаъолияти мактабҳоро беҳтар мекунад.
Дар журналҳо маълумот дар бораи шумораи талабагон ва давомоти онҳо, дараҷаи дониши мактаббачагон, барномаи таълимӣ ва кори муаллимон инъикос карда мешавад.