ДУШАНБЕ, 30 август — Sputnik. Шуруъ аз 16 сентябри соли равон нахустин парвоз ба шаҳри Сиани Чин амалӣ мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, парвози мазкур аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии “Zhejiang Loong Air” дар хатсайри Сиан-Душанбе-Сиан ҳафтае ду маротиба амалӣ хоҳад гардид.
“Кушодашавии парвозҳо дар ин самт бевосита барои густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба, рушди сайёҳӣ ва рафту омади бемамонияти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чин заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард”, - қайд кардааст манбаъ.
Агентӣ қайд кардааст, ки соҳаи авиатсияи граждании кишвар марҳила ба марҳила рушд ёфта меёбад.
Қайд карда шудааст, ки ҷорӣ намудани сиёсати “Осмони кушод” дар Тоҷикистон барои рушд ва пешрафти соҳаи авиатсияи кишвар, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва зиёд намудани хатсайрҳо имконият фароҳам овард.
Агентии авиатсияи гражданӣ эълон кардааст, ки дар оянда низ нақша дорад, ки ҳамкориҳоро дар самти кушодани хатсайрҳои нав бо ширкатҳои хориҷӣ зиёд намояд.