Биноҳои нави Донишгоҳи сайёҳии Душанбе бо ширкати президент боз шуд

Президенти Тоҷикистон дар ин донишгоҳ дар ҷамъомад ба муносибати Рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Душанбе биноҳои нави Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
Дар маросими бозкушоии иншооти нави донишгоҳ, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раисиҷумҳур гузориш додааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи биноҳои нави Донишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин президенти кишвар дар ин донишгоҳ дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ин вохӯриро фурсати хубе барои таҳлилу баррасии вазъи соҳаи ҳаётан муҳим – маориф арзёбӣ кардааст.
Баҳогузории 10-хола дар тамоми манотиқи Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад
Ҳамасола президенти Тоҷикистон чун анъана рӯзи 1 сентябр дар макотиби кишвар ё донишгоҳҳо, Дарси сулҳ баргузор мекунад.
Дар ҷараёни Дарси сулҳ кишвардор аслан камбудиҳои соҳаи маорифро ошкор карда ва барои ислоҳи онҳо ба масъулин супоришҳо ва дастурҳои қатъӣ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки навгонии таълимоти имсола дар макотиби Тоҷикистон, гузаштан ба баҳогузории 10-хола мебошад.