ИИАО сифати бозичаҳоро бодиққат назорат хоҳад кард

Дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё рӯйхати нави маҳсулот барои регламентҳои техникӣ, ки дар он 55 код мавҷуд аст тасдиқ шуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё номгӯи нави маҳсулотеро, ки бояд мутобиқат ба талаботи Регламенти техникии Иттиҳоди гумрукӣ "Дар бораи бехатарии бозичаҳо" баҳогузорӣ шавад, тасдиқ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти КИАО хабар дод.
"Рӯйхат бо мақсади татбиқи Тартиби воридот ба қаламрави гумрукии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё , маҳсулоте, ки ҳатман арзёбӣ мешавад, таҳия шудааст. Рӯйхат 55 рамзи номенклатураи молҳо барои кӯдакони то 14-соларо дар бар мегирад, ки мувофиқати онҳо ҳатмӣ арзёбӣ мешавад ", — омадааст дар хабар.
Ҳуҷҷат ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ нигаронида шудааст ва барои маъмурияти гумрукӣ истифода мешавад.
Идомаи афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонӣ дар ИИАО
Қарори Раёсати Комиссия 30 рӯзи тақвимӣ пас аз интишори расмии он эътибор пайдо мекунад.