Дар Душанбе машваратҳои кишварҳои узви СҲШ вобаста ба вазъи Афғонистон сурат мегирад

Дабири куллии СҲШ гуфт, ки дар бораи вазъи Афғонистон дар пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 11-12 сентябр машваратҳо баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбоев дар мусоҳиба ба РИА “Новости” гуфт, ки машваратҳои кишварҳои узви СҲШ оид ба вазъи Афғонистон рӯзҳои 11-12 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.
"Дар назар аст, ки доир ба вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба минтақа табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат бигирад", - гуфт Ермекбоев.
Вай афзуд, ширкаткунандагон масоили таъмини амният, рушди устувор ва ҳамкорӣ бо мақомоти Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Машваратҳо дар пасманзари фаъол шудани равобити кишварҳои минтақа ва Кобул сурат хоҳанд гирифт.
“То ҷое ки мо медонем, тамоми кишварҳои узви СҲШ бо мақомоти Афғонистон дар заминаи дуҷониба ҳамкорӣ доранд. СҲШ ҳамчун як созмони байналмилалӣ вазъи ин кишварро бодиққат назорат ва меомӯзад”. – таъкид кард Нурлан Ермекбоев.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои барқарор кардани равобити тиҷорӣ, нақлиётӣ ва фарҳангӣ бо мақомоти феълии Афғонистон тавофуқ кардаанд.
Вай афзуд, ки вазъияти Афгонистон умуман муътадил аст, вазъи иктисодиёт беҳтар гардидааст.
“Дар ҳамин, ҳол имрӯзҳо Афғонистон дар бахшҳои башардӯстона, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мубориза бо терроризм, таъмини ҳуқуқи занон ва дигар табақаҳои осебпазир бо мушкилот рӯбарӯ аст”, - таъкид кард дабири кулии СҲШ.
Нурлан Ермекбоев илова кард, ки дар мавриди Афғонистон миёни кишварҳои узви СҲШ як тавофуқ вуҷуд дорад.
Вай афзуд, ки кишварҳои узв СҲШ омодагии худро барои пуштибонӣ аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини сулҳ баён намуда, таъкид карданд, ки ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои қишри ҷомеаи Афғонистон роҳи ягонаи расидан ба сулҳу субот аст.