ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як зумра намояндагони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус тақдим намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар додааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки зимни суханрониаш раисҷумҳур дар бораи нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар расидан ба истиқлоли давлатӣ ва таҳкиму тақвияти он андешаронӣ намуд.
Раисҷумҳур таъкид кардааст, ки низомиёни кишвар имрӯз дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлату ҷомеа, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва тартиботи ҳуқуқӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
“Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон ҳамеша омода мебошанд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ бо фармони Президенти Тоҷикистон ба як гурӯҳ низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо тақдим карда шуд.