ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Равшанбек Собиров, раиси тоҷикони Қирғизистон роҳбари Агентии миллии сармоягузории ин кишвар шуд.
Фармони дахлдорро Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, имзо кардааст, хабар медиҳанд расонаҳои қирғизӣ.
Мавсуф дар гузашта вазифаи вазири меҳнат, вакили парлумон, мушовири президенти Қирғизистон буд.
Бо ба қудрат расидани Содир Ҷабборов вай нахуст муовини сарвазир ва сипас мушовири раисҷумҳур шуд, аммо соли 2021 замони даргириҳои марзӣ ӯ истеъфо дод.
Бо гарм шудани равобити Душанбе бо Бишкек ӯро дигарбора ба ҳукумат баргардониданд.
Маврид ба зикр аст, ки Равшанбек Собиров 55-сола аст ва дар хонаводаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Ӯш ба дунё омадааст.
Вай ҳудуди 18 соли охир раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи "Рӯдакӣ"-ро ро ба зима дорад.
Ӯ дар гузашта вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон (2011-2012) ва вакили парлумон низ буд.