ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) Андрей Слепнев бо котиби иловагии департаменти тиҷорати назди Вазорати савдои ва саноати Ҳиндустон гуфтугӯ кард.
Сардорони гурӯҳҳои гуфтушунид ба вазири КИАО дар бораи тасдиқи супориши техникии гуфтушунид, маълумот доданд.
Ҷонибҳо қадамҳои минбаъдаи оғози раванди гуфтушунид ва дигар ҷанбаҳои созишнома дар бораи тиҷорати озодро, ки дар оянда бояд ба имзо расад, баррасӣ карданд.
"Мо бо камоли хушнудӣ афзоиши назарраси ҳаҷми муомилоти мол миёни ИИАО ва Ҳиндустонро қайд мекунем, ки тайи чанд соли охир мушоҳида дорем. Мо афзоиши минбаъдаи ҳаҷми тиҷорат, инчунин таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ, аз ҷумла тавассути долони иқтисодии Шимолу Ҷанубро интизорем", — гуфт Андрей Слепнев.
Тибқи маълумоти Маркази байналмилалии савдо (оҷонсии муштараки Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва Созмони Милали Муттаҳид), гардиши мол байни кишварҳои ИИАО ва Ҳиндустон дар соли 2024 69 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 7% афзоиш ёфтааст.