ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Барои ҳунарнамоии намояндаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" корҳои зиёде анҷом дода мешавад.
Дар ин бора Фаррух Ҳасанов, овозхоне, ки дар озмун интихоб шудааст, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт.
"Ин ҷо кори бузург ва густарда аст, як гурӯҳи том дар болои ин лоиҳа, барои суруди мо барои "Интервидение" кор мекунад", - нақл кард ҳунарманд.
Ҳасанов қайд кард, ки намехоҳад баъзе ҷонибҳои нақшаи ҳунарнамоиро пешакӣ ифшо кунад.
"Фақат мегӯям, рафиқон, меарзад, хуб мебуд, ки мунтазир бошеду бубинед", — гуфт ӯ.
Вале ба ин нигоҳ накарда, сароянда пардаи махфиятро бардошт - суруде, ки ӯ дар "Интервидение" пешкаш хоҳад кард, таърихи беназир дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ин суруд дар гармои 40-дараҷаии Душанбе бо як дӯсташ навишта шуда буд, ин трек "Битоб, битоб, мисли даврони пеш" ном дорад.
Композитсия бояд пештар нашр мешуд, аммо бо амри тақдир рӯнамоии суруд ҳар гоҳ ба таъхир меафтод.
"Ва маълум мешавад, ки ин тақдир будааст. Мо тасмим гирифтем, ки ин тарона сазовори таваҷҷӯҳи махсус аст. Ва чунин шуд, ки мо онро интихоб кардем", - нақл кард Ҳасанов.
Охири моҳи июл маълум шуд, ки Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" Фаррух Ҳасанов намояндагӣ мекунад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, тақрибан 20 кишвари ҷаҳон ширкати худро дар озмуни мусиқии "Интервидение - 2025" тасдиқ кардаанд.
Ин чорабинӣ рӯзи 20 сентябр дар Live Arena Маскав баргузор мешавад. Ҳар як кишвар метавонад як сароянда ё гурӯҳи овозхониро ба озмун пешбарӣ намояд.