Қатар дар Тоҷикистон марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забони арабӣ ташкил мекунад

Гурӯҳи кории Вазорати маорифи Қатар аз мавзеъҳои интихобшуда барои бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ боздид хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Давлати Қатар дар якчанд манотиқи Тоҷикистон марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабию англисӣ таъсис медиҳад.
Ин масъала, зимни мулоқоти вазири меҳнати Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ёвари директори котиботи вазири маорифи Қатар оид ба идоракунии лоиҳа Ҳариб Муҳаммад ал - Ҷобирӣ баррасӣ шудааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии вазорати меҳнати ҶТ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон дархости ҷониби Қатар оид ба таъсиси марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабию англисӣ дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистонро дастгирӣ кардааст.
Дар ин росто, Ҳукумат ҷиҳати муайян ва ҷудо намудани қитъаи замин ба мақомоти шаҳру ноҳияҳои дахлдор супориш додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин тарҳ барои татбиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба танзими муҳоҷират мусоидат менамояд.
Дар Душанбе роҳҳои ҷалби сармояи Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон, баррасӣ шуд.
Дар доираи сафари мазкур боздиди ҳайати гурӯҳи кории Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар аз мавзеъҳои интихобшуда барои бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ ва баррасии ҷузъиёти ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт дар назар аст.
Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатарро 16 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад, ки яке аз онҳо “Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар” аз 3 феврали соли 2019 мебошад.
Дар доираи татбиқи он Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорати меҳнати Қатар 8 июни соли 2023 имзо шудааст.