Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Сердюков: СПАД таҷрибаи амалиёти вижаро дар тамринот ба назар мегирад

Яке аз вазифаҳои афзалиятноки машқҳои дарпешистода таҳияи амалии идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии нерӯҳои дастаҷамъии СПАД хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар тамриноти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) таҷрибаи низомиёни Русия дар амалиёти вижаи низомӣ ба инобат гирифта мешавад.
Дар ин бора сардори ситоди муштараки СПАД генерал-полковник Андрей Сердюков дар брифинг изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва эҷоди низоми муқовимат ба ҳавопаймоҳои душман таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа таҳияи амалии масъалаҳои ташкили идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии нерӯҳои дастаҷамъии СПАД хоҳад буд.
"Ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки имрӯз ба яке аз муассиртарин василаҳои анҷоми амалиёти ҷангӣ табдил ёфтааст, ҳамчунин ба вижагиҳои эҷоди низоми муқовимат ба ҳавопаймоҳои душман таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд", - таъкид кард ӯ.
Сердюков қайд кард, ки қобилияти бесарнишинҳо барои иҷрои вазифаҳои гуногун, аз қабили ҷосусӣ, ҳамла, интиқоли маҳсулоти моддӣ, имконият дар майдони ҷангро зиёд мекунад.
Дар Тоҷикистон тамринҳои нерӯҳои посдори сулҳи СПАД баргузор мешаванд
Машқҳо дар қаламрави Белорус, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешаванд.
Имсол ба машқҳои СПАД беш аз 5 ҳазор нафар ҷалб мешаванд. Дар чорабиниҳо нозирон аз Узбекистон, Эрон, Озарбойҷон, Чин ва Салиби Сурх ширкат хоҳанд кард.