ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро ифтитоҳ карданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки донишкада бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии президент ва дастгирии соҳибкорон мутобиқ бо анъанаҳои меъморию фарҳангии мардуми тоҷик бунёд ёфта, барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
Зимни боздид Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва пос доштани арзишҳои волои миллӣ дастур додааст.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Кишвардор зимни кушодашавии донишкада зикр намудааст, ки дар рушди маориф ва илм сиёсати давлатӣ ҳамеша авлавият дошта, Ҳукумати кишвар тамоми имконотро барои таҳкими пояҳои маърифат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон сафарбар месозад.
Осорхонаи донишкада
Дар дохили донишкада осорхонаи дорои аҳамияти илмӣ-фарҳангӣ ташкил шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар осорхона таърихи ғании ислом дар сарзамини тоҷикон, нақши илмии устодону олимони бузурги миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни исломӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Дар ин миён нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ ҷой дода шудаанд.
Бахши дигари осорхона ба нақши Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва мусулмонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шудаааст.
Донишкада аз чӣ иборат аст?
Иншоот дар майдони зиёда аз ду гектар қомат афрохта, аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат аст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар он маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир аст.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Ҳуҷраҳои корию дарсӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои шароити зарурӣ барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ мебошад.
Дар донишкада, ҳамзамон хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст.