Чорабинии мазкур аз ҷониби Хонаи рус дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид.
Ин консерт,тамошобинони наслҳои гуногунро, ки ба эҷодиёти навозанда бетафовут набуданд, ҷамъ овард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Ин кӯдакии мост. Хеле хуш аст, ки ҷавонон дар ёд доранд", - нақл кард аз таассуроти худ муовини раиси "Хонаи рус" Русия Надежда Краснова.
Дар саҳнаи боғи ба номи С.Айнӣ композитсияҳои афсонавӣ, ки бозгӯи аср гардида, чандин насли шунавандагонро муттаҳид кардаанд, намоиш дода шуданд.
Тамошобинон аз мусиқии зиндаи рок-иҷрокунандагони рус аз қабили гурӯҳи Кино, Сергей Галанин ("Серга"), Юлия Чичерина лаззат бурданд.
"Ин чорабинӣ имкон дод, ки ба ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон мероси рокҳои рус, аз ҷумла Виктор Тсойро равшан нишон диҳем", - қайд кард роҳбари Хонаи русҳо дар Хуҷанд Татяна Мудрова.
Дар чорабинӣ беш аз 400 нафар – сокинони шаҳр, ҳамватанон, ҷавонони фаъол ва кормандони намояндагиҳои хориҷии Русия ширкат варзиданд.