ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Вазорат қайд кардааст, ки ташкили ярмаркаҳои фурӯши либос ва дигар лавозимоти зарурии мактабӣ ба дӯши Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Иттифоқи "Тоҷикматлубот", мақомотҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва назорати сифати онҳо ба зиммаи Тоҷикстандарт ва гузошта шудааст.
Вазорати маориф зикр кардааст, ки тибқи дастури ҳукумат ярмаркаҳо берун аз муассисаҳои таълимӣ, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот бояд баргузор мешаванд.
Ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии хонандагон ба лавозимоти хониш мебошад.
Ҳамзамон вазорат қайд кардааст, ки дар асоси қонуни Тоҷикистон, ба шаҳрвандони кишвар ҳуқуқи интихоби озоди мол, кор ва хизматрасонӣ кафолат дода мешавад.
“Ин маънои онро дорад, ки ҳар як истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад тибқи хоҳиш ва имконияти шахсии худ, бе дахолати шахсони дигар, мол ё хизматрасонии дилхоҳро интихоб намояд”, - таъкид кардааст вазорат.
Вазорати маориф илова кардааст, ки ки дар раванди дӯхт, таъмин ва фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш иштирок надорад ва танҳо тибқи дастурамалҳои зикршуда либосҳои тавсиявиро барои хонандагону омӯзгорон пешниҳод менамояд.
Дар баробари ин, роҳбарияти Вазорат қайд намудааст, ки дар дохили муассисаи таълимӣ хариду фурӯши либоси мактабӣ қатъиян манъ аст.
Вазорати маориф аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати пайдо гардидани шикоятҳо вобаста ба сифати либосҳои мактабӣ ва фурӯши иҷбории он, метавонанд бевосита ба масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон, Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.