Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска

Суҳбати боэътимод: музокироти таърихии Путин ва Трамп дар Аляска

Мулоқоти машваратии се ба се беш аз се соат давом кард ва ба як қатор мушкилоти асосии байналмиллалӣ бахшида шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Музокироти таърихии кишвардорони Русия ва Амрико Владимир Путин ва Доналд Трамп, ки тамоми ҷаҳон интизори он буд, дар Аляска ба поён расид.
Гуфтугӯ беш аз 3 соат давом кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар додааст.
Роҳбарон мулоқоти кутоҳ ба як ба як гузаронда, баъд аз он ба вохурии се ба се гузаштанд.
Маълум аст, ки дар ҳайатҳо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, котиби давлатии ИМА Марко Рубио ва фиристодаи вижа Стивен Уиткофф ширкат доштанд.
Пас аз анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо дар нишасти матбуотии муштарак суханронӣ карданд.

"Ман мехоҳам ба ҷаноби Трамп барои кори муштаракамон, барои лаҳни дӯстона ва суҳбати эътимодбахш изҳори сипос кунам. Муҳим он аст, ки ҳарду ҷониб ба натиҷа содиқ буданд", - гуфт Путин.

Вай инчунин афзуд, ки бо раҳбари ИМА робитаҳои мустақими хеле хуб барқарор шудааст.
Президенти Русия дар суханронии худ қайд кард, ки ӯ саъй кардааст, ки Ҷо Байден-раиси ҷумҳури пешини Амрикоро мутақоид кунад, то нагузорад, ки вазъ дар Украина то ба авоқиби ҷиддӣ дар шакли амалиёти низомӣ бирасад.
Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска
Мулоқоти Путин ва Трамп дар Аляска: видео
"Дар ёд дорам, ки дар соли 2022, ҳангоми тамосҳои охирини худ бо маъмурияти қаблӣ, ман кӯшиш кардам, ки ҳамтои собиқи амрикоии худро мутақоид кунам, ки мо набояд ба вазъияте бимонем, ки метавонад ба паёмадҳои ҷиддӣ дар шакли амалиёти низомӣ оварда расонад. Ва ман он вақт гуфтам, ки ин иштибоҳи бузург аст", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, барои пойдор шудани созиши Украина бояд сабабҳои аслии бӯҳрон аз байн бурда шавад, таъкид кард Путин.
Агар Трамп президенти ИМА мебуд, ҷанг дар Украина оғоз намешуд, афзуд Путин.
"Ва имрӯз мо мешунавем, ки президент Трамп мегӯяд, ки "агар ман президент мебудам, ҷанг намешуд". Ман фикр мекунам, ки ин воқеан рӯй медод, ман инро тасдиқ мекунам", - гуфт Путин.
Бо вуҷуди ин, Русия ҳамеша мисолҳои таърихиро дар хотир хоҳад дошт, ки чӣ тавр Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳида душманони умумиро мағлуб карданд ва ба ҳамдигар кӯмак ва дастгирӣ намуданд, гуфт ӯ.
Дар навбати худ Трамп гуфт, ки ба мулоқоти дигар, ки ба гуфтаи ӯ, "хеле ба зудӣ" баргузор мешавад, умедвор аст. Дар посух Путин ба забони англисӣ ӯро барои мулоқот дар Маскав даъват кард.
"Ин ҷолиб аст. Ман фикр мекунам, ки ин комилан имконпазир аст", - гуфт Трамп.
Путин аввалин раҳбари Русия аст, ки ба Аляска сафар мекунад. Бори охир раиси Федератсияи Русия аз ин давлат соли 2015 - дар чорчӯби иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк боздид карда буд.
Ёдовар мешавем, ки Русия ва Иёлоти Муттаҳида пас аз сафари навбатии намояндаи вижаи Кохи Сафед Стивен Уиткофф ба Маскав дар бораи мулоқоти президентҳо ба мувофиқа расиданд.
Путин намояндаи Амрикоро дар Кремл ба ҳузур пазируфт, гуфтугӯ беш аз се соат идома кард. Ин панҷумин сафари дипломат ба Федератсияи Русия аз аввали сол буд.