Эрон мехоҳад бо Тоҷикистон алоқаи роҳи оҳан дошта бошад

Эрон талош дорад робитаҳои нақлиётиашро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ тақвият бахшад ва бо ин кишварҳо роҳҳои оҳанашро бипайвандад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Теҳрон барои ташкили сафарҳо бо роҳи оҳан ба шаҳрҳои Марв (Туркманистон) ва Душанбе (Тоҷикистон) Талош дорад, иттилоъ додааст вазорати нақлиёти кишвар.
Тавре мудири кулли ширкати "Роҳи оҳани Эрон" (RAI) Ҷаббор Алӣ Зокирӣ хабар додааст, ин иқдом метавонад робитаҳои Эронро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ тақвият бахшад.
Ба гуфтаи вай, хатсайрҳои нав як қисми стратегияи миллии Эрон барои навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мебошанд.
Гуфта нашудааст, ки алоқаи роҳи оҳан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ кай ба кор оғоз хоҳад кард.
Ҷаббор Алӣ Зокирӣ ҳамчунин эълон кард, ки сохтмони ду хати нави роҳи оҳан, ки Эронро бо Туркия, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад, ба зудӣ оғоз хоҳад ефт.
Тоҷикистон ва Эрон қасд доранд ҳамкориҳоро дар ду самт густариш диҳанд
Яке аз хатсайрҳои нав Теҳронро бо Анқара мепайвандад ва дар давоми ду моҳи оянда ба кор медарояд. Масири дуюм, Теҳрон – Ҳирот, то охири моҳи оянда ба кор шурӯъ мекунад.
Бояд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир байни Тоҷикистону Эрон алоқаи мустақими ҳавоӣ фаъол аст.
Ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Varesh Airline" парвозҳоро байни Душанбе ва Теҳрон анҷом медиҳанд.
Ҳавопоймоҳои ширкати Эрон инчунин дар масири "Машҳад – Душанбе – Машҳад" низ парвоз мекунанд.