Қазоқистон содироти орду ғалларо ба Тоҷикистон ба маротиб афзоиш дод

Мақомоти Қазоқоистон хабар додааст, ки дар давоми 10 моҳ содироти орду ғалларо ба кишварҳои мухталиф ба маротиб афзоиш додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар соли 2025 Қазоқистон ҳамчун таъминкунандаи асосии ғалла ва орд ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Қазоқоистон содироти орду ғалларо ба Тоҷикистон давоми даҳ моҳи ахир 39% афзоиш додааст.
Ба иттилои вазорати кишоварзии Қазоқистон дар давоми даҳ моҳи соли равон ба ин кишвар ба Тоҷикистон 1 ҳазору 446 тона содирот намудааст. Ин ниҳод қайд кардааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 1 ҳазору 39 тоннро ташкил медод.
Мақомоти Қазоқистон таъкид кардааст, ки аз моҳи сентябри соли 2024 то моҳи июли соли 2025 ин кишвар дар маҷмӯъ 12,4 миллион тонна ғалла ва орд содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2023/2024 34% зиёд аст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти гандум ба кишвар беш аз 3,2% афзоиш ёфтааст.
Тавре масъулини Хадамот хабар доданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 аз ҷониби субъекти хоҷагидори кишвар ба ҷумҳурӣ 613,3 ҳазор тонна гандум ба маблағи 143,6 млн. доллар бо нархи миёнаи 234 доллар барои як тонна ворид карда шудааст.
Тоҷикистон яке аз харидорони асосии гандуми Қазоқистон будааст
Ба иттилои ин ниҳод, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149,6 ҳазор тонна ё 32,2% афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон масъулини ин ниҳод қайд карданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 66 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ҳамин ниҳоди давлатӣ Тоҷикистон воридоти ордро 36,6% коҳиш додааст.
Таъкид шудааст, ки дар шаш моҳи соли равон ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон 24,4 ҳазор тонна орд ба маблағи 7,4 миллион доллар бо нархи миёнаи 306 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст., ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 14 ҳазор тонна ва ё 36,6% коҳиш ёфтааст.
Зикр карда шудааст, ки аксари орд ба кишвар аз кишвари Қазоқистон ворид мешавад. Аз ин кишвар ба Тоҷикистон 92,8% ба Тоҷикистон орд ворид гардидааст.