Савдои гарм: Табодули колои вилояти Суғд бо кишварҳои ИДМ афзоиш ёфт

Дар умум, гардиши тиҷорати хориҷии Суғд 2,5 млрд долларро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 529 млн ё 36% зиёд мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Табодули колои вилояти Суғд бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7,3% афзоиш ёфт.
Дар ин бора, Раёсати минтақаии гумруки Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гузориш дод.
Тавре масъулини Раёсат хабар доданд, гардиши мол дар нимсолаи якуми соли 2025 бо кишварҳои ИДМ 1 млрд долларро ташкил дод. Ин нишондод, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,5 млн. доллар ё 7,3% зиёд мебошад.
Дар баробюари ин, гардиши моли вилояти Суғд бо кишварҳои хориҷи дур низ 87,5% афзоиш ёфтааст.
“Роҳи худро пайдо кард" – вазир дар бораи афзоиши содироти ангишт
Тавре масъулини Раёсати минтақаиии гумрукӣ дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар нимсолаи аввали соли равон гардиши мол бо давлатҳои хориҷи дур 985,3 млн. долларро ташкил дод.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 460 млн. доллар ё 87,5% азоиш ёфтааст.
Дар маҷмуъ дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми умуммии гардиши тиҷорати хориҷиро Раёсати гумруки Суғд 2,5 млрд доллар ҳисоб кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 529 млн ё 36% зиёд мебошад.
Афзоиши содирот: Тоҷикистон ба Қирғизистон чӣ мефурӯшад - видео
Аз ин ҳисоб воридот 1,2 млрд долар ва содирот 727 млн доларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли гузашта ҳам ҳаҷми воридот ва ҳам содирот зиёд шудааст.
Ба вилояти Суғд аз кишварҳои хориҷ аслан сӯзишвории дизелӣ, мошинҳо, гандум, таҷҳизоти саноатӣ, равғани растанӣ ва ғайра ворид карда шудааст.
Аз вилоят ба кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур бошад, нахи пахта, сабӯси гандум барои чорво, семент, обҳои ташнашикан, тухми паранда, мис, чарм ва дигар маҳслуот содирот шудааст.