ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Барномаи таҷдиди иқдомоти муштараки кишварҳои “панҷгонаи АвруОсиё” барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ширкаткунандагони кумитаи машваратӣ таҳти раёсати вазири танзими фаннии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Валентин Татаритский баррасӣ карданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Комиссияи иқтисодии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Дар ҳуҷҷати нави ИИАО, афзалиятҳои асосиро баланд бардоштани сатҳи эътимоди аҳолӣ ба сохторҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон, рушди технологияҳои рақамӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои инноватсионӣ ва хидматрасонии интеллектуалӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ номидаанд.
Вазири ёдовар шуд, ки соли равон аз рӯзи расман эътироф шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва муқаррар намудани принсипҳои байналмилалии ҳифзи онҳо чил сол пур мешавад.
"Дар шароити тағйироти муосири технологӣ, кишварҳои ИИАО ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон идома дода, барои таъмини ҳифзи муассири ҳуқуқҳои худ саъй мекунанд", - таъкид кард Валентин Татаритский.
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин ба мувофиқа расиданд, ки аввалин семинари намояндагони сохторҳои давлатии кишварҳои узви Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро бо мақсади табодули таҷриба дар масъалаҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон ташкил кунанд.
Қаблан Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё талаботро барои тарҳрезии дастурҳои доруворӣ тасдиқ карда буд.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.