Афзоиши содирот: Тоҷикистон ба Қирғизистон чӣ мефурӯшад - видео

Тоҷикистон содирот ба Қирғизистонро тақрибан 5 баробар афзоиш дод
Sputnik
Дар ин бора, муовини сардори Раёсати омори вилояти Суғд Исомадин Садриддин ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
"Дар шаш моҳи ахир гардиши мол миёни ду кишвар ҳудуди 7 миллион долларро ташкил дод", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Исомадин Садриддин, Тоҷикистон 1,5 ҳазор тонна мева, 1,2 ҳазор тонна пиёз, 60 тонна тарбузу харбуза фурӯхтааст.
Воридот ба 4,7 миллион доллар расидааст. Тоҷикистон бошад аз Қирғиизстон 9,4 ҳазор тонна ангишт ва 445 тонна макарон харидорӣ кардааст.
Тафсилоти бештарро дар бораи гардиши моли миёни ду кишварро дар навори мо бубинед.