Аҳолии Тоҷикистон афзуд: кадом минтақа пешсаф?

Омор ҳокист, ки дар солҳои охир дар Тоҷикистонг сатҳи фавт коҳиш ёфта, зоиш дар афзоиш аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Давоми ним соли равон, аҳолии Тоҷикистон 2,1% зиѐд шудааст.
Дар ин бора, Агентии омори кишвар зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
Фавт дар Тоҷикистон тайи нимсолаи аввали соли равон ба ҳар ҳазор сокин 3,3 нафар рост меояд.
Таваллуд ба 1000 нафар аҳолӣ ба 22,1 нафар баробар шудааст, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Аҳолии Тоҷикистон марзи 10,5 млн нафарро убур кард
Афзоиши табиии аҳолӣ дар нимсола нисбати соли гузашта 2% ё 18,8 нафар ба 1000 сокинро ташкил дод, афзуд манбаъ.
Афзоиши аҳолӣ дар минтақаҳо чунин аст:
Хатлон -2,6%,
Суғд - 1,5%,
НТМ - 2,8%,
Душанбе 1,1%.
Ҳамин тавр, тибқи омори ахири Агентии омор, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,5 млн нафар баробар шудааст.
Ба ҷуз аз вилояти Суғд давоми се моҳи соли равон бошад, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ зоиш зиёд сабт шудааст.
Тоҷикистон мубориза алайҳи марги модару кӯдакро пурзӯр мекунад
Аз ҷумла дар ин муддат дар вилояти Хатлон 24,4 ҳазор нафар, дар Душанбе 6 ҳазор, Суғд 13,1 ҳазор, НТҶ 13,6 ва ВМКБ 752 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақм дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5% бештар аст.