ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Нархи озуқа дар Тоҷикистон аз аввали сол қариби 3% гарон шудааст.
Дар ин бора, Агентии омори Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гузориш дод.
Бино ба додаҳои ин ниҳод, қариб қиммати ҳамагуна озуқаворӣ давоми шаша моҳи соли равон дар кишвар гарон шудааст.
Феҳрасти молҳои нархашон болорафта аз ҷумла чунин аст:
Равған ва чарбу – 5,8% (равғани офтобпараст – 8,2% ва равғани пахта – 5,4%);
Сабзавот – 26,7% (сабзӣ – 2,1 баробар, карам – 37,7 %, бехпиёз – 30,7% ва картошка – 22,6%);
Маҳсулоти гӯштӣ – 4,8% (гӯшти гӯсфанд – 10,2% ва гӯшти гов – 6,7%);
Мевагиҳо – 8%;
Нӯшокиҳои беспирт – 0,9% гарон шудаанд.
Дар баробари ин, нарх дар ошхонаҳои Тоҷикистон низ, қариб 5% дар ним сол гарон шудааст.
Аз аввали соли 2025 арзиши таърифаи хизматрасонии пулакие, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, умуман – 3,4% афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод Агентии омори ҷумҳурӣ.
Асосан аз ҳисоби арзиши хӯроки умумӣ – 4,7 % ва хизматрасониҳои маишӣ – 1,7 % ба қайд гирифта шудааст, афзуд манбаъ.