Ташкили минтақаи нави саноатӣ дар шаҳри Бохтар

Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Бохтар таъиси минтақаи нави саноатӣ ба рушди минбаъдаи иқтидори саноатии шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар вилояти Хатлон минтақаи нави саноатӣ ташкил карда мешавад.
Тавре раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти матбуотӣ хабар дод минтақаи нави саноатӣ дар масоҳати 13 гектар сохта мешавад.

Ба гуфтаи раиси шаҳр, аллакай мавзеи минтақаи нав муайян шуда, пешниҳоди Мақомоти шаҳри Бохтар барои таъсиси он аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфтааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи мақомдори тоҷик хулосаҳои зарурии вазорату кумитаҳои дахлдор низ гирифта шудаанд.
“Дар минтақаи саноатии мавҷудаи шаҳр, бинобар таъсиси якчанд корхонаи нави истеҳсолӣ, дигар замини холӣ боқӣ намондааст. Аз ин рӯ, ташкили минтақаи нави саноатӣ яке аз ҳадафҳои муҳими мо маҳсуб меёбад”, - таъкид намудааст оқои Муминзод.
Раиси шаҳр инчунин иттилоъ дод, ки аз ҷониби бахши хусусӣ барои сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ панҷ лоиҳа пешниҳод гардидааст.
Ду буҳрони шадиди глобалӣ пеши роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистонро нагирифт
Баъди расман таъсис додани минтақа, барои амалисозии ин лоиҳаҳо замин ҷудо хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти шаҳр тибқи нақша, татбиқи ин иқдом ба рушди минбаъдаи иқтидори саноатии шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти дохилии саноатӣ мусоидат хоҳад кард.