Дар ним сол 17%-и доруворӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид шудааст

Дар давоми шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон маводи доруворӣ аз зиёда аз 36 кишвари хориҷи дуру наздик ворид карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Мақомоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст, ки дар давоми шаш моҳи соли равон вуруди беш аз 7,9 ҳазор тонна ба маблағи беш аз 36,8 млн долларро сабт кардааст.
Ба иттилои мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, воридоти доруворӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,4 ҳазор тонна ва ё 75,6% зиёд мебошад.
"Аз ҳаҷми умумии маводи дорувории дар шаш моҳи соли равон воридкардашуда беш аз 6 ҳазор тон ба маблағи беш аз 24,9 млн доллар аз давлатҳои хориҷи дур ва боқимонда аз кишварҳои хориҷи наздик ворид гардидааст", - омадааст дар иттилоия.
Тибқи иттилои ин манбаъ, аз маҷмӯи маводи доруворӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2025 ба Тоҷикистон аз 36 давлатҳои хориҷи дуру наздик ворид гардидаанд.
Дар Тоҷикистон 67 корхона ба истеҳсоли дору машғул аст
Аз ҳама зиёд ҳудуди 50,4% доруворӣ ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон ворид гардида, ҳиссаи Русия дар ин бахш ба 17% баробар шудааст.
Ҳамчунин ҳудуди 7,3% ба Литва, ҳудуди 9,2% ба ҷумҳурии мардумии Чин, наздики 4,1% ба Узбекистон,2,12% ба Гурҷистон, 2,3% ба Украина, 2,6% ба Покистон ва боқимонда 2,9% ба дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик рост меояд.